Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Эмом Импорт Эскпорт”, ки шабакаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории “Ориё”-ро дар ихтиёр дорад, шартномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи навро Ноиби президент Дилшод Ҷӯразода ва аз ҷониби шарикон созишномаро муовини директори генералии ҶДММ “Имом Импорт Экспорт” Абдузоир Исмоилов имзо карданд.
Пас аз имзои созишнома, Дилшод Ҷуразода ба ҶДММ “Эмом Импорт Экспорт” барои ҳамкорӣ изҳори ташаккур намуд.
Муовини директори генералии ҶДММ “Эмом Импорт Экспорт” Абдузоир Исмоилов дар навбати худ, ибрози умедворӣ кард, ки ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон мисли соли гузашта пурсамар хоҳад буд.
“Густариши созишномаи ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон, ташкилоти пешрафтаи варзиши кишвар барои ширкати мо шарафи олӣ аст. Мо аз соли гузашта бо ФФТ ҳамкории зич дорем ва дар чандин чорабиниҳои он иштироки фаъолона доштем. Дар мавриди ширкати мо бошад, ҳаминро гуфтаниям, ки мо фаъолияти худро соли 2012 оғоз намудаем. Самти асосии фаъолияти ширкати мо – фурӯши яклухти маҳсулоти нафтӣ мебошад. Аз моҳи январи соли 2019, мо ба фурӯши маҳсулоти нафтӣ ҳам дар бозори яклухт ва ҳам дар бозори чакана тавассути бренди худ – шабакаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории “Ориё” шурӯъ кардем. Айни замон, шабакаи ширкат 20 нуқтаи сӯзишвории бисёрфунксионалӣ дар саросари кишварро дар бар мегирад, ки бо стандартҳои ягонаи хидматрасонӣ ва услуби корпоративӣ пайваст карда шудаанд », – гуфт Абдузоир Исмоилов, муовини директори генералии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Эмом Импорт Экспорт».