Ситораи футболи тоҷик Владимир Ғуломҳайдаров аз дунё даргузашт – Федерация Футбола Таджикистана

Ситораи футболи тоҷик Владимир Ғуломҳайдаров аз дунё даргузашт

Дар шаҳри Маскав, дар синни 80-солагӣ яке аз чеҳраҳои маъруфи футболи тоҷик, нимҳимоятгари дастони дастаи «Помир»-и Душанбе ва собиқ бозигари мунтахаби олимпии Иттиҳоди Шӯравӣ Владимир Алексеевич (Алишоевич) Ғуломҳайдаров аз олам чашм пӯшид.

Владимир Ғуломҳайдаров дар ҳайати дастаҳои «Энергетик» (Душанбе), «Торпедо» (Маскав) ва «Помир» (Душанбе) ҳунарнамоӣ кардааст. Ҳамчунин дар ҳайати мунтахаби олимпии Иттиҳоди Шӯравӣ баромад намуда, дар 8 вохӯрӣ 3 гол ба самар расонидааст.

Аз соли 1978 ба фаъолияти мураббигӣ пардохта, сармураббии дастаҳои «Помир» ва «Вахш» буд. Соли 1994 ба ҳайси сармураббии тими миллии Тоҷикистон адои вазифа намуда, инчунин дар як қатор клубҳои Қазоқистон кор кардааст.

Владимир Ғуломҳайдаров дар рушди футболи тоҷик саҳми арзанда гузошта, номи ӯ ҳамеша дар хотираи мухлисон, ҳамкасбон ва шогирдонаш боқӣ хоҳад монд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба пайвандон ва наздикони марҳум ҳамдардии амиқи худро баён менамояд.

Назари худро бинависед