Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 нахустин бозии худро анҷом дод – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 нахустин бозии худро анҷом дод

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) таҳти роҳбарии Нуъмонҷон Юсупов дар Ҷоми ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА, ки дар Озарбойҷон ҷараён дорад, нахустин бозии худро анҷом дод.

Дар оғози мусобиқа мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» бо дастаи Конго рақобат карда, бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Комилҷон Шарипов ва Амирҳамза Аминов ба самар расониданд.

Пагоҳ, 25 октябр мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) бо дастаҳои Барбадос ва Испания вомехӯрад.

Назари худро бинависед