Дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон чемпионати ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 15-сола ва фестивали ФИФА идома дорад.
Дар натиҷаи марҳилаи аввали мусобиқа дастаи наврасони Тоҷикистон (U-15) таҳти роҳбарии сармураббӣ Нуъмонҷон Юсупов ҳафт имтиёз ба даст оварда, дар гурӯҳи «E» ҷойи чорумро ишғол кард.
Дар марҳилаи дуюм мунтахаби мо баромади худро дар дивизиони Tier D идома дод. Дар бозии даври 1/16-ниҳоӣ футболбозони тоҷик бар мунтахаби Ҷазираҳои Бермуд бо ҳисоби бузурги 7:1 ғалаба карданд. Аз ҳайати дастаи мо Шерзод Кулматов ду гол ба самар расонд. Комил Шарипов, Амирҳамза Аминов, Акмал Шукуров, Ҷалолхон Ҷалолов ва Сулаймони Юсуф низ якголӣ заданд.
Баъдан мунтахаби Тоҷикистон дар бозии даври 1/8-ниҳоӣ бо дастаи Филиппин рақобат карда, бо ҳисоби 3:0 пирӯзӣ ба даст овард. Комилҷон Шарипов дубл карда, Набиуллоҳ Мусулмонов як голи дигарро ба ҳадаф расонд.
Субҳи 29 октябр тими наврасони Тоҷикистон (U-15) дар марҳилаи чорякниҳоии дивизиони Tier D бо дастаи Литва рӯ ба рӯ мешавад.