Дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2026 дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Игор Суров ду бозии дӯстона баргузор мекунад.
Ҳарифони футболбозони тоҷик ҳамсолонашон аз Қатар хоҳанд буд. Вохӯриҳо рӯзҳои 24 ва 27 октябр дар шаҳри Давҳа баргузор мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми ҷаҳон-2026, ки дар Қатар баргузор мешавад, мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои Куба (20 ноябр), Хорватия (23 ноябр) ва Сенегал (26 ноябр) вомехӯрад.