Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Игор Суров дар доираи омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2026 нахустин бозии дӯстонаи худро муқобили ҳамсолони қатариашон баргузор кард.
Вохӯрӣ имрӯз, 24 октябр дар шаҳри Давҳа баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи дастаи мо анҷом ёфт. Ягона голи бозиро ҳамлагари дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд Асадбек Махтумов ба самар расонд.
Рақобати дуюми дӯстона миёни дастаҳои наврасони Тоҷикистон ва Қатар рӯзи 27 октябр баргузор мешавад.