Доварони тоҷик барои ҳакамӣ дар бозиҳои мусобиқаҳои бошгоҳии Конфедератсияи футболи Осиё таъйинот гирифтанд.
Гурӯҳи доварон таҳти роҳбарии довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло бозии Лигаи қаҳрамонҳои элитаи Осиё-2026/27 дар минтақаи Ғарбро миёни дастаҳои «Касима Антлерс»-и Ҷопон ва «Пхохан Стилерс»-и Кореяи Ҷанубӣ ҳакамӣ мекунад. Вохӯрӣ 28 октябр дар шаҳри Касимаи Ҷопон баргузор мешавад.
Ба Гулмуроди Саъдулло ёварони довари ФИФА Ҳасан Каримов ва Фарҳод Куралов кумак мерасонанд. Довари эҳтиётӣ Амирҷон Хоркашев таъйин шудааст. Масъулияти ёвари видеодовар (VAR) ба зиммаи намояндаи Ӯзбекистон Фирдавс Норсафаров вогузор гардида, Абдулло Давлатов аз Тоҷикистон ёвари ӯ хоҳад буд.
Гурӯҳи дигари доварони тоҷик таҳти роҳбарии довари ФИФА Насрулло Кабиров бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2026/27 миёни дастаҳои «Гул Гуҳар»-и Эрон ва «Арқадоғ»-и Туркманистонро ҳакамӣ мекунад. Ба ҳайати доварон Акмал Бӯриев ва Хусрави Сиддиқзод ҳамчун ёварони довари асосӣ шомиланд. Сайёдҷон Зайниддинов довари эҳтиётӣ таъйин шудааст. Ин бозӣ рӯзи 28 октябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мегардад.
Ҳамчунин, гурӯҳи доварон таҳти роҳбарии Гулмуроди Саъдулло рӯзи 4 ноябр дар шаҳри Абу-Даби бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2026/27-ро миёни дастаҳои «Ал-Ваҳда»-и Амороти Муттаҳидаи Араб ва «Ал-Халдия»-и Баҳрайн ҳакамӣ мекунад. Ёварони довари асосӣ Ҳасан Каримов ва Фарҳод Куралов интихоб шуда, вазифаи довари чорумро Насрулло Кабиров иҷро менамояд.
Илова бар ин, доварони ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов ва Амирҷон Хоркашев ба ҳайси доварони эҳтиётӣ барои бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои элитаи Осиё-2026/27 таъйин шудаанд.
Рӯзи 4 ноябр дар шаҳри Тошканд Сайёдҷон Зайниддинов вазифаи довари чорумро дар бозии дастаҳои «Пахтакор»-и Ӯзбекистон ва «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ иҷро мекунад. Ҳамчунин, рӯзи 3 ноябр Амирҷон Хоркашев дар бозии миёни дастаҳои «Касива Рейсол»-и Ҷопон ва «Тэҷон Хана Ситизен»-и Кореяи Ҷанубӣ довари эҳтиётӣ хоҳад буд.