Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) барои иштирок дар Ҷоми ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА ба Боку сафар кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) барои иштирок дар Ҷоми ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА ба Боку сафар кард

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) таҳти роҳбарии Нуъмонҷон Юсупов барои иштирок дар Ҷоми ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА ба Озарбойҷон сафар намуд.

Ҷоми ҷаҳон миёни наврасони то 15-сола ва фестивали ФИФА аз 24 то 30 октябр дар шаҳри Боку доир мешаванд. Дар марҳилаи аввал мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» баромад мекунад. Ҳарифони дастаи мо мунтахабҳои Барбадос, Чили, Конго, Кувайт ва Испания мебошанд.

Бозиҳо дар шакли 8 бар 8, дар майдонҳои андозаашон 68 ба 47 метр баргузор мешаванд. Давомнокии ҳар бозӣ 40 дақиқаро ташкил дода, аз ду қисми 20-дақиқагӣ иборат аст.

Мусобиқа аз ду марҳила иборат мебошад. Дар марҳилаи аввал дастаҳо ба гурӯҳҳо тақсим шуда, бо ҳамаи ҳарифони гурӯҳи худ вомехӯранд. Аз рӯйи натиҷаи бозиҳои гурӯҳӣ иштирокчиён вобаста ба нишондиҳандаҳои варзишӣ ба шаш сатҳ тақсим карда мешаванд.

Дар марҳилаи дуюм дастаҳо рақобатро бо ҳарифони ҳамсатҳи худ идома медиҳанд. Ҳар мунтахаб боз аз чор то панҷ бозӣ анҷом медиҳад. Ғолибон дар ҳар яке аз шаш сатҳ муайян карда мешаванд. Дастаи беҳтарини сатҳи олӣ – Tier A – нахустин ғолиби FIFA U-15 World Cup & Festival дар таърих хоҳад шуд.

Ҳамин тариқ, ҳар як тим дар ҷараёни мусобиқа имкони баргузории на камтар аз нӯҳ бозии байналмилалиро пайдо мекунад.

Назари худро бинависед