Имрӯз, 23 октябр бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 баргузор мешаванд.
Дар гурӯҳи «В» қаҳрамони Тоҷикистон – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо бошгоҳи «Ҳомс Ал-Фидоъ»-и Сурия рақобат мекунад. Вохӯрӣ соати 19:00 оғоз мегардад.
Дар гурӯҳи «С» бошгоҳи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар Кувайт бо дастаи «Фортис»-и Бангладеш нерӯ месанҷад. Бозӣ бо вақти Душанбе соати 18:25 оғоз мешавад.
Ба дастаҳои Тоҷикистон дар бозиҳои имрӯзаи марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 барору комёбӣ орзумандем!