Бо қарори Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон ёвари довари марказии бозии мавқуфгузоштаи даври 15-уми чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои лигаи олӣ – «Хуҷанд» ва «Сардор», Тоҳири Баҳром то поёни мавсим аз фаъолият маҳрум карда шуд.
Пас аз омӯзиши наворҳои видеоӣ Кумитаи доварони ФФТ муайян намуд, ки ёвари довари марказӣ Тоҳири Баҳром дар дақиқаи 90+5-уми бозӣ нисбат ба футболбози «Хуҷанд», ки тӯбро вориди дарвозаи «Сардор» кард, иштибоҳан ҳолати офсайдро сабт намудааст. Ин иштибоҳи довар ба натиҷаи бозӣ, ки бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом ёфт, таъсир расонид.
Дар натиҷа, Кумитаи доварони ФФТ қарор қабул кард, ки Тоҳири Баҳром то поёни мавсими 2026 аз фаъолият дар тамоми мусобиқаҳои ФФТ маҳрум карда шавад. Ҳамзамон, дараҷаи доварии ӯ аз категорияи якум ба категорияи дуюм поин оварда шуд.