Намояндаи ФФТ Фаридун Аттоев ба ҳайати комиссарони нави КФО дохил гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Намояндаи ФФТ Фаридун Аттоев ба ҳайати комиссарони нави КФО дохил гардид

Муовини сардори раёсати байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва комиссари Лигаи футболи Тоҷикистон Фаридун Аттоев имтиҳонҳои комиссарони Конфедератсияи футболи Осиёро бомуваффақият супорида, ба ҳайати комиссарони нави КФО барои мавсимҳои 2026-2028 дохил гардид. 

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон акнун дар ҳайати комиссарони КФО ду намоянда хоҳад дошт. Сардори раёсати байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов, ки таҷрибаи кор дар бозиҳои ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё ва Ҷоми Осиё-2023-ро дорад, аз соли 2011 инҷониб комиссари КФО мебошад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон Фаридун Аттоевро ба муносибати бомуваффақият супоридани имтиҳонҳо табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти касбӣ муваффақият таманно менамояд.

Назари худро бинависед