Ташаккур ба мухлисон барои дастгирии тими миллии Тоҷикистон! – Федерация Футбола Таджикистана

Ташаккур ба мухлисон барои дастгирии тими миллии Тоҷикистон!

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳамаи мухлисоне, ки дар бозии дӯстонаи дуюм муқобили тими Ҳиндустон (1:1) мунтахаби Тоҷикистонро фаъолона дастгирӣ карданд, изҳори сипос менамояд.

Дирӯз дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор 9370 нафар тамошобин ҷамъ омада, мунтахаби кишварро дар давоми рақобат самимона мухлисӣ карданд. Ба ҳамаи онҳое, ки ба варзишгоҳ омада, дастаи моро дастгирӣ намуданд, ташаккур мегӯем.

Ҳамчунин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, инчунин ба тамоми сохтор ва мутахассисоне, ки дар ташкил ва баргузории бозии дуюми дӯстона саҳм гузоштанд, изҳори миннатдорӣ мекунем.

Якҷоя – ба сӯйи пирӯзиҳои нав!