Барои капитани тими миллии Тоҷикистон Аҳтам Назаров бозии дуюми дӯстона муқобили мунтахаби Ҳиндустон (1:1) садумин вохӯрии ӯ дар ҳайати дастаи асосии кишвар гардид.
Аҳтам Назаров аввалин футболбоз дар таърихи футболи Тоҷикистон аст, ки ба нишондоди 100 бозӣ дар ҳайати тими миллӣ расид.
Пеш аз оғози бозии дӯстона бо мунтахаби Ҳиндустон ба Аҳтам Назаров либоси тими миллии Тоҷикистон бо рақами 100 супурда шуд. Ҳамчунин аз номи роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ӯ калиди автомобил тақдим гардид.