Игор Ангеловский: «Пеш аз Ҷоми Осиё-2027 моро корҳои зиёде интизоранд» – Федерация Футбола Таджикистана

Игор Ангеловский: «Пеш аз Ҷоми Осиё-2027 моро корҳои зиёде интизоранд»

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, мутахассиси македонӣ Игор Ангеловский натиҷаи нахустин бозиҳои худро дар мақоми сармураббии тими миллӣ шарҳ дод. Зери роҳбарии ӯ мунтахаби Тоҷикистон ду бозии дӯстона муқобили яккачини Ҳиндустон баргузор намуда, дар яке бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда, дуюмин бо натиҷаи 1:1 анҷом ёфт.

«Мехоҳам ба ҳамаи бозигарон изҳори сипос намоям. Ба шарофати онҳо чунин эҳсос пайдо шуд, ки гӯё мо солҳои зиёд якҷоя кор карда истодаем. Аз шиносоӣ ва ҳамкории нахустинамон дар ин ҷамъомади тамринӣ хеле хушҳолам.

Ҳамчунин капитани мунтахаби Тоҷикистон Аҳтам Назаровро ба муносибати садумин бозиаш дар ҳайати тими миллӣ самимона табрик мегӯям!

Мо ду бозии дӯстона бар зидди мунтахаби Ҳиндустон анҷом додем. Дар бозии аввал бо ҳисоби 3:1 пирӯз шудем ва рақобати дуюм бо натиҷаи 1:1 анҷом ёфт. Дар ин дидорҳо лаҳзаҳои мусбати зиёде дида шуданд, аммо баъзе камбудиҳо низ ошкор гардиданд, ки барои ислоҳи онҳо бояд корҳои ҷиддӣ анҷом диҳем.

Инчунин мехоҳам ба ҳаводорон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма барои дастгириашон изҳори сипос намоям ва ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити хуби корӣ миннатдорӣ баён кунам.

Дар пеш корҳои зиёде ҳастанд, то қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 бояд онҳоро ба сомон расонем. Тоҷикистон, ба пеш!», – гуфт сармураббии дастаи Тоҷикистон Игор Ангеловский.

Назари худро бинависед