Барои капитани тими миллии Тоҷикистон Аҳтам Назаров бозии дӯстонаи дарпешистода муқобили тими миллии Ҳиндустон ҷашнӣ хоҳад буд – ин садумин рақобати ӯ дар ҳайати дастаи асосии кишвар мегардад.
Аҳтам Назаров нахустин нафаре дар таърихи футболи Тоҷикистон хоҳад шуд, ки 100 бозӣ дар ҳайати тими миллии кишвар мегузаронад. Ин дастовард далели равшани маҳорати баланди касбӣ ва садоқати ӯ ба тими миллӣ дар тӯли солҳои зиёд мебошад.
Қобили зикр аст, ки Аҳтам Назаров соли 2011 дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон нахустин бозии худро анҷом додааст. Ӯ тӯли понздаҳ соли ҳунарнамоӣ дар дастаи асосии кишвар 99 бозӣ анҷом дода, 5 гол ба самар расонидааст. Дар ин муддат Назаров ба яке аз пешсафони тими миллӣ табдил ёфта, эҳтироми ҳамдастаҳо, мураббиён ва мухлисонро соҳиб гардидааст ва дар комёбиҳои тими миллӣ дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас гузоштааст.
Аз ҳамаи мухлисон даъват мекунем, ки рӯзи 9 июн ба Варзишгоҳи марказии Ҳисор омада, тими миллии Тоҷикистонро дар бозии дӯстона муқобили Ҳиндустон дастгирӣ намоянд ва шоҳиди як рӯйдоди таърихӣ – 100-умин бозии Аҳтам Назаров дар ҳайати дастаи асосии кишвар бошанд. Оғози вохӯрӣ – соати 20:00.