Имрӯз, 9 июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор дуюмин бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор мешавад. Оғози вохӯрӣ соати 20:00 дар назар аст.
Барои капитани тими миллии Тоҷикистон Аҳтам Назаров ин бозӣ ҷашнӣ хоҳад буд, зеро ӯ садумин бозии худро дар ҳайати тими миллии кишвар анҷом медиҳад.
Аз ҳамаи мухлисон даъват мекунем, ки ба Варзишгоҳи марказии Ҳисор омада, тими миллии Тоҷикистонро дар бозии дӯстона муқобили Ҳиндустон дастгирӣ намоянд ва шоҳиди як рӯйдоди таърихӣ – 100-умин бозии Аҳтам Назаров дар ҳайати дастаи асосии кишвар бошанд.