Дастаи «Душанбе-2» таҳти роҳбарии мураббӣ Юсуф Рабиев дар мусобиқаи ҷумҳуриявии «Гузариш», ки ба хотираи собиқ дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев бахшида шудааст, ғолиб омад.
Дар ин мусобиқа, ки дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, ҳафт даста ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Суғд-1», «Хатлон-2», «Душанбе-1» ва НТМ шомил шуда, дар гурӯҳи «В» дастаҳои «Хатлон-1», «Душанбе-3» ва «Душанбе-2» рақобат карданд.
Пас аз натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду даста рақобатро дар даври плей-офф идома дод.
Имрӯз, 11 декабр бозиҳои ниҳоии мусобиқот баргузор шуданд. Дар рақобат барои ҷойи сеюм тими «Душанбе-3» бар дастаи «Хатлон-2» бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд. Дар қувваозмоии ниҳоӣ дастаҳои «Душанбе-1» ва «Душанбе-2» вохӯрданд. Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Дар силсилазарбаҳои пеналти футболбозони «Душанбе-2» маҳорати баланд нишон доданд – 3:1.
Дар маросими ҷамъбастии мусобиқаи «Гузариш» бахшида ба хотираи Ислом Маҳмадшоев ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков, директори МҶМОВ оид ба футбол Пӯлод Қодиров, собиқ бозигарони тими миллии Тоҷикистон Рустам Қурбонов, Рустам Хоҷаев, Раҳматулло Фузайлов ва Субҳон Хоҷамов, инчунин бародарзодаи марҳум Ислом Маҳмадшоев – Абдураҳим Муҳаммадзода ширкат карданд.
Кумитаи тадорукоти мусобиқа беҳтарин бозигаронро дар ҳайати дастаҳо муайян кард. Ориёнмеҳри Нуриддин («Душанбе-3»), Комрон Ҳакимов («Хатлон-2»), Шаҳбоз Ҳабибов («Душанбе-1») ва Мурод Мусозода («Душанбе-2») беҳтарин футболбоз дар ҳайати дастаҳои худ эътироф шуданд. Беҳтарин нишонзани мусобиқа Шаҳбон Наимов («Хатлон-2») гардид. Ва ҷоизаи беҳтарин бозигари мусобиқот ба дарвозабони дастаи «Душанбе-2» Хушнуд Шарифов супорида шуд.