Суперҷоми Тоҷикистон-2020: чемпион унвонашро ҳифз кард – Федерация Футбола Таджикистана

Суперҷоми Тоҷикистон-2020: чемпион унвонашро ҳифз кард

Дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе ҷоизадори медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод ва бори нӯҳум барандаи Суперҷом ​ шуд. Бозӣ шоми 4-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор гардид.

Дар оғози бозӣ ҳайати тимҳо ба унвони яке аз роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус дасти якдигарро нафишурданд ва бо лаҳзаи сукут ёди қурбониёни бемории ҳамагири КОВИД-19 дар ҷаҳонро гиромӣ доштанд. Дар яке аз гӯшаҳои майдон навиштаҷоти “Нест бод коронавирус” бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва рӯсӣ низ насб шуда буд.

Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 2-юм кушода шуд. Легионери узбекистонии “Хуҷанд” Санҷар Рихсибоев аз хатои муҳофизони “Истиқлол” истифода карда, тӯбро аз дохили ҷаримагоҳ ба дарвозаи дастаи рақиб ворид намуд. Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 1:0 ба нафъи бозигарони Хуҷанд анҷом пазируфт.

Вале дар охири нимаи дувуми дидор бозигарони “Истиқлол” дар муддати ду дақиқа ду гол зада, ғолиб омаданд. Ҳарду гол аз назди дарвоза зада шуд. Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 78-ум ҳисобро баробар кард – 1:1. Голи дувум ва ҳалкунандаи “Истиқлол”-ро Муҳаммадҷон Раҳимов дар дақиқаи 80-ум ба ҳадаф расонд.

Никола Лазаревич, сармураббии дастаи “Хуҷанд” баъд аз анҷоми бозӣ шоми 4-уми апрел гуфт: “Хуб бозӣ кардем, вале дар охир қувваамон нарасид. Бозӣ бе мухлисон гузашт, ки фазои футболӣ нест. Футбол муҳим аст, вале саломатӣ муҳимтар. Ин тасмими дуруст аст.”

Виталий Левченко, сармураббии дастаи “Истиқлол” мегӯяд, “ҳоло мо на танҳо барои пирӯзӣ дар мусобиқоти дохили кишвар, инчунин дар Ҷоми АФК талош хоҳем кард.”

Ёдрас мешавем, ки бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон сар аз соли 2010 бори ёздаҳум доир гардид. Ҳамагӣ се даста Ҷоми олиро ба даст овардааст. «Истиқлол»-и Душанбе нӯҳ бор, «Равшан»-и Кӯлоб ва “Ҳосилот”-и Фархор якборӣ дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон баранда шудаанд. Соли гузашта низ дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, «Истиқлол» бар «Хуҷанд» бо ҳисоби 3:0 ғолиб омада буд.

 

Суперҷоми Тоҷикистон2020

«Истиқлол»  «Хуҷанд» – 2:1

Голҳо: Санҷар Рихсибоев, 2 (0:1), Манучеҳр Ҷалилов, 78 (1:1), Муҳаммадҷон Раҳимов, 80 (2:1)

“Истиқлол”: Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Марко Милич, Искандар Ҷалилов (Муҳаммадҷон Раҳимов, 58), Зоир Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Алишер Ҷалилов (капитан, Рустам Соиров, 76), Виктор Свежов, Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев (Воҳид Оразсаҳедов, 58), Манучеҳр Ҷалилов.

“Хуҷанд”: Маъмур Икромов, Сироҷ Ҳамроев, Фирдавс Чақалов (Алишер Баротов, 76), Манучеҳр Сафаров, Хуршед Бекназаров, Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Чориев (Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 76), Абдулмуъмин Забиров (Андрей Сидоров, 84), Санҷар Рихсибоев (Фатҳулло Фатҳуллоев, 64), Комрони Мирзонаҷот, Дилшод Бозоров (капитан).

Огоҳӣ гирифтанд: Фирдавс Чақалов, 53, Санҷар Рихсибоев, 62 (“Хуҷанд”), Эҳсони Панҷшанбе, 90 («Истиқлол»).

Беҳтарин бозигари дидор: Манучеҳр Ҷалилов (“Истиқлол”).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Нозири доварон: Раҳимҷон Шарипов (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Беҳрӯз Айниддинзода (Бохтар).

4-уми апрел. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2020):

2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 4:3

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:2

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0

2020 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1

Назари худро бинависед