Ширкати сохтмонии «Авитсенна» шарики Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ширкати сохтмонии «Авитсенна» шарики Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати сохтмонии «Авитсенна» созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Маросими имзои созишнома имрӯз, 5 март дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд. Созишномаро котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов ва директори генералии ҶСК «Авитсенна» Акрам Саидов имзо карданд.

Котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов пас аз имзои созишнома изҳор дошт, ки тамоми маблағҳои ҷудокардаи ширкати сохтмонии «Авитсенна» барои дастгирии тими миллии Тоҷикистон масраф мешаванд.

Директори генералии ҶСК «Авитсенна» Акрам Саидов дар навбати худ қайд намуд, ки ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон пурсамар ва муваффақ хоҳад буд.

Назари худро бинависед