Ҳайати довароне, ки бозии дуюми дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳиндустонро ҳакамӣ мекунанд, маълум гардид.
Довари марказии ин вохӯрӣ довари ФИФА Аҳрол Ризқуллоев аз Ӯзбекистон таъйин шуд. Ба ӯ доварони ёвари ФИФА аз Ӯзбекистон Алишер Усмонов ва Ислом Азимов кумак мерасонанд. Вазифаи довари эҳтиётиро довари ФИФА Абдулло Давлатов аз Тоҷикистон иҷро хоҳад кард. Нозири доварон Абдураҳим Бобоев, комиссари бозӣ бошад, Абдулло Соқиев таъйин гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки бозии дӯстонаи дуюми мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон рӯзи 9 июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 20:00 оғоз мешавад.