Дастаи «Хатлон-1», ки дар мусобиқаи “Гузариш” бахшида ба гиромидошти хотираи собиқ Котиби генралии ФФТ Ислом Маҳмадшоев шаҳри Бохтарро муаррифӣ мекунад, ғолиби ин мусобиқа шуд.
Дар мусобиқаи мазкур, ки дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар баргузор шуд, шаш даста ба ду гурӯҳ тақсим шуда, бо ҳам қувва озмуданд. Дар гурӯҳи “А” дастаҳои «Хатлон-1», «Суғд» ва «Душанбе-1» ва дар гурӯҳи «Б» дастаҳои «Хатлон-2», «Душанбе-2» ва ШНТМ баромад карданд. Баъди ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳои «Хатлон-1» ва «Душанбе-2» ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Вақти асосии вохӯрӣ бо ҳисоби баробари 1 бар 1 анҷом ёфт. Дар задани силсилазарбаҳои пеналти бошад, бахт ба рӯи футболбозони навраси бохтарӣ ханд ва онҳо бо ҳисоби 4 бар 3 пирӯз шуданд.
Дар бозӣ барои ҷои сеюм бошад дастаи «Хатлон-2» бар ҳамсолони худ аз дастаи “Суғд” бо ҳисоби калони 3 бар 0 ғалдаба кард.
Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа аз ҷои ташкилкунандагон ҷому медалҳо ва ба бозингарони беҳтарин тӯҳфаҳои молӣ тақдим гардид. Фаёз Ғуломов («Хатлон-1»), Маҳмуд Шафиев («Душанбе-2») ва Некрӯз Салимзода («Хатлон-2») беҳтарин бозингарони мусобиқа эътироф шуданд.
Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ташкил карда шуд.