Наврасони «Хатлон» ғолиби мусобиқаи “Гузариш” бахшида ба гиромидошти хотираи Ислом Маҳмадшоев шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Наврасони «Хатлон» ғолиби мусобиқаи “Гузариш” бахшида ба гиромидошти хотираи Ислом Маҳмадшоев шуданд

Дастаи «Хатлон-1», ки дар мусобиқаи “Гузариш” бахшида ба гиромидошти хотираи собиқ Котиби генралии ФФТ Ислом Маҳмадшоев шаҳри Бохтарро муаррифӣ мекунад, ғолиби ин мусобиқа шуд.

Дар мусобиқаи мазкур, ки дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар баргузор шуд, шаш даста ба ду гурӯҳ тақсим шуда, бо ҳам қувва озмуданд. Дар гурӯҳи “А” дастаҳои «Хатлон-1», «Суғд» ва «Душанбе-1» ва дар гурӯҳи «Б» дастаҳои «Хатлон-2», «Душанбе-2» ва ШНТМ баромад карданд. Баъди ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳои «Хатлон-1» ва «Душанбе-2» ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Вақти асосии вохӯрӣ бо ҳисоби баробари 1 бар 1 анҷом ёфт. Дар задани силсилазарбаҳои пеналти бошад, бахт ба рӯи футболбозони навраси бохтарӣ ханд ва онҳо бо ҳисоби 4 бар 3 пирӯз шуданд.

Дар бозӣ барои ҷои сеюм бошад дастаи «Хатлон-2» бар ҳамсолони худ аз дастаи “Суғд” бо ҳисоби калони 3 бар 0 ғалдаба кард.

Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа аз ҷои ташкилкунандагон ҷому медалҳо ва ба бозингарони беҳтарин тӯҳфаҳои молӣ тақдим гардид. Фаёз Ғуломов («Хатлон-1»), Маҳмуд Шафиев («Душанбе-2») ва Некрӯз Салимзода («Хатлон-2») беҳтарин бозингарони мусобиқа эътироф шуданд.

Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Назари худро бинависед