Дар Душанбе барои комиссарони нави Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) семинар оид ба ташкили бозиҳо баргузор гардид.
Тайи ду рӯз комиссари ФИФА ва Конфедератсияи футболи Осиё Ҳомид Моменӣ аз Эрон табодули таҷриба бо ширкаткунандагони семинар кард.
Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар семинар директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Абдулло Соқиев, муовини директори Лигаи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳон Шодиев ва сардори шуъбаи баргузории мусобиқаҳои Лигаи футболи бонувони мамлакат Ҳурбибӣ Варданян намояндагӣ карданд.
Дар семинари таълимӣ доир ба мавзӯъҳои нақш, фаъолият ва масъулиятҳои комиссарони бозӣ, омодагии варзишгоҳ, маркетинг ва ташкили ВАО, ташкили амният, ҳамкорӣ бо ташкилкунандагони бозӣ, пур кардани гузоришҳо, ҳисоботдиҳии комиссарҳо ва муҳокимаи ҳодисаҳо баррасӣ шуданд.
Дар охири семинар довталабони комиссарони нави CAFA аз рӯйи барномаи таълимии хатмкарда имтиҳон супурданд. Иштирокчиёне, ки аз имтиҳонҳо бомуваффақият мегузаранд, ба ҳайати комиссарони бозиҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар мавсими нав дохил карда мешаванд.