Рӯзи 1-уми апрел, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон нахустин ҷаласаи шӯрои мураббиён дар имсол доир гардид. Дар ҷаласа мавзуи омодагии дастаҳои мунтахаб ба бозиҳои расмии байналмилалӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷаласа Дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов, Директори фаннии ФФТ Салоҳиддин Ғаффуров ва мураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ширкат намуданд.
Дар рафти ҷаласа ахбороти мураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон шунида шуд. Усмон Тошев (тими миллӣ), Мубин Эргашев (мунтахаби ҷавонони U-19), Аҳлиддин Турдиев (мунтахаби наврасони U-16), Зайниддин Раҳимов (мунтахаби наврсони U-14) дар назди шӯрои мураббиён дар бораи фаъолияти дар се моҳи аввали соли ҷорӣ анҷомдодаи худ гузориш доданд.