Дастаи мунтахаби наврасони то 17 солаи Тоҷикистон (U-17) дар 17-умин мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд-2021», ки аз 30-юми январ то 7-уми феврал дар Мински Беларус баргузор мешавад, иштирок хоҳад намуд.
Даста таҳти раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев омодагиро ба мусобиқаи байналмилалӣ дар Минск дар қароргоҳи Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) воқеъ дар деҳаи Алмосии Ҳисор шуруъ карданд.
Тибқи нақшаҳои ташкилкунандагони «Ҷоми Рушд-2021» дар мусобиқа ҳашт дастаи наврасон, ки аз ҳисоби футболбозони соли таваллудашон на болотар аз 2004 иборатанд, ширкат меварзанд. Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск баргузор мешавад.
Зимнан, дар 19-умин чемпионати Осиё байни дастаҳои наврасони то 17-сола дар Баҳрайн мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи”В” бо дастаҳои мунтахаби Умон, Яман ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ рақобат мекунад.