Имрӯз, 2 ноябр дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи кумитаи доварон баргузор шуд, ки дар натиҷа кори ду довар таҳлилу баррасӣ гардида, ҷазо дода шуданд.
Ҳамза Шоймардонов, ёвари довари марказии бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Куктош», ки иштибоҳи роҳ додааш ба натиҷаи вохӯрӣ таъсир расонд, аз ҳакамии бозиҳои ФФТ то охири мавсим маҳрум карда шуд.
Илова бар ин, ёвари довари марказӣ Фаридун Маҳмадиев, ки дар бозии даври 19-уми чемпионати Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои «Равшан» (Кӯлоб) – «Хуҷанд» кор мекард, барои иштибоҳи кардааш аз ҳаққи доварӣ барои ду давр маҳрум карда шуд.