Гулмуроди Саъдулло бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 байни дастаҳои Чин ва Арабистони Саудиро доварӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Гулмуроди Саъдулло бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 байни дастаҳои Чин ва Арабистони Саудиро доварӣ мекунад

Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло аз Тоҷикистон бозии даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро ҳакамӣ мекунад.

Гулмуроди Саъдулло якҷо бо дастааш дар бозии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «С» миёни дастаҳои мунтахаби Чин ва Арабистони Саудиро, ки 10 сентябр дар шаҳри Даляни Чин баргузор мешавад, кор мекунад.

Ба Гулмуроди Саъдуллои 33-сола дар майдон ҳамватанонаш, ёварони довари ФИФА Ҳасан Каримов ва Вафо Қараев кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро довари ФИФА Насрулло Кабиров иҷро мекунад. Дар VAR Сивакорн Пу-Удом аз Таиланд кор намуда, ёвари VAR – довари дигари таиландӣ Торфонг Сомсинг таъйин шуд.

Назари худро бинависед