Гела Шекиладзе, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бораи омодагии даста ба бозии чаҳоруми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» муқобили тими Арабистони Саудӣ сухан кард.
Гела ШЕКИЛАДЗЕ, сармураббии тими миллии Тоҷикистон:
– Ҳама бачаҳо ба бозии дарпешистода муқобили тими Арабистони Саудӣ бо табъи болида омодагӣ мебинанд. Мо тавоноии рақибро медонем. Арабистони Саудӣ ҳарифи хеле қавӣ аст. Дар Риёз мо ҳам лаҳзаҳои хуб ва ҳам бад доштем. Дар рақобати якум нерӯи бисёр сарф кардем, чунон ки ҳама медонанд, бачаҳо дар моҳи шарифи Рамазон рӯза доранд. Мо марҳилаи барқароршавиро анҷом додем. Вохӯриро таҳлил кардем, хулоса баровардем, бачаҳо фаҳмиданд, ки имкониятҳои голзаниро истифода кардан лозим аст. Даста баъди ба Душанбе баргаштан ду машқ гузаронд. Имрӯз тамринҳои охиринро доир мекунем. Барои пирӯзӣ бар Арабистони Саудӣ футболбозон бояд тамоми кӯшишҳои худро дар майдон ба харҷ диҳанд. Дар майдони худ бозӣ мекунем ва воқеан ба дастгирии мухлисонамон умед мебандем. Аз тамоми мухлисон хоҳиш мекунам, ки дар чунин рақобати муҳим мунтахаби Тоҷикистонро дастгирӣ кунанд. Дар навбати худ бозигарони мо барои ба даст овардани натиҷаи мусбат тамоми қувваи худро сарф месозанд.