Доварони Тоҷикистон бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 ва марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзалро ҳакамӣ карданд.
Довари 30-солаи ФИФА оид ба футзал Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе) бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзалро дар минтақаи Шарқӣ дар Малайзия ҳакамӣ кард. Дар бозии Ҷопон – Муғулистон (15:0) ба ҳайси довари марказӣ кор карда, дар бозии Ҷопон – Тайбейи Чин (7:1) ба ҳайси ёвари якуми довари марказӣ ва дар бозии Кореяи Ҷанубӣ – Ҷопон (0:9) ба ҳайси ёвари дуюм фаъолият намуд. Илова бар ин, Муртазоев дар бозиҳои Муғулистон – Ҳонконг (1:1) ва Тайбейи Чин – Муғулистон (6:1) довари эҳтиётӣ буд.
Довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе) ба ҳайси довари марказӣ бозии гурӯҳи «В»-и Ҷоми КФО-2022-ро миёни дастаҳои «Шабоб Ал-Халил» (Фаластин) – «Ҷофар» (Уммон) – 0:3 ҳакамӣ карда, чун довари эҳтиётӣ дар қувваозмоиҳои дастаҳои «Арабӣ» (Кувайт) – «Шабоб Ал-Халил» (Фаластин) – 1:0 ва «Ал-Риффа» (Баҳрайн) – «Шабаб Ал-Халил» (Фаластин) – 3:1 кор кард.
Довари дигари Тоҷикистон – довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло (Душанбе) ба ҳайси довари асосии бозии Ҷоми КФО-2022 дар чаҳоргонаи «А» байни бошгоҳҳои «Ҷаблеҳ» (Сурия) – СК «Кувайт» (Кувайт) – 0:0 фаъолият намуд. Ин довари шаҳри Душанбе ҳамзамон дар бозии «Ал-Ансор» (Лубнон) – СК «Кувайт» (Кувайт) – 0:0 вазифаи довари чорумро иҷро кард.