Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои мутахассисони футбол семинар дар мавзуи маркетинг баргузор кард.
Бо даъвати Федератсияи футболи Тоҷикистон сухангӯи семинар мудири кафедраи маркетинги варзишии Донишгоҳи молия ва саноати Маскав «Синергия», директори барномаи таълимии «Маркетинги варзиш» Андрей Малигин аз Русия буд.
Дар семинари дурӯза, ки дар тарабхонаи «Community»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, намояндагони бошгоҳҳои лигаи олии Тоҷикистон, инчунин Лигаҳои футбол, футзал, бонувон ва кӯдакону наврасони Тоҷикистон ширкат доштанд.
Коршинос аз Русия дар баромадҳои худ оид ба рушди маркетинги футбол маълумоти муфиду саривақтӣ дод.
Ҳадаф аз баргузории ин семинар бо истифода аз мисолҳои мушаххас ба мутахассисони Тоҷикистон нишон додани тарзи кор дар соҳаи маркетинги футбол ва сарпарастӣ ба ҳисоб меравад.