Дар Душанбе курсҳои омӯзишии Конфедератсияи футболи Осиё барои мураббиёни фитнес «AFC Fitness Coaching Certificate Course – Level 1А» ба анҷом расиданд.
Дастурдиҳандаи асосии ин курсҳо инструктори Конфедератсияи футболи Осиё Ғуломризо Ҷаҳонӣ аз Эрон буд. Барномаи курси панҷрӯза ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии тарбияи ҷисмонӣ дар футболро фарогир мебошад.
Дар ҷамъбаст мудири шуъбаи таълими департаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Алифбек Беромов ба дастурдиҳандаи КФО Ғуломризо Ҷаҳонӣ барои табодули таҷрибаи худ изҳори сипос намуда, ба ҳамаи иштирокчиён бурдбориҳо таманно кард.