Имрӯз, 26 август дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид. Рӯзномаи Кумитаи иҷроияи ФФТ аз панҷ банди асосӣ иборат буд.
Дар оғози ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ санаи баргузории Конгресси навбатӣ, ки 9-уми декабри соли равон баргузор мешавад, тасдиқ шуд.
Сипас сармураббии тими миллии Тоҷикистон, мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт оид ба омодагӣ ва баромади даста дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 гузориши муфассал дод. Мунтахаби Тоҷикистон барои нахустин бор дар таърихи худ тавонист ба қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёбад. Дар умум фаъолияти Сегрт ба ҳайси сармураббии яккачини миллии мамлакат қаноатбахш дониста шуд.
Баъдан ҳисоботи роҳбари Шӯро оид ба иҷрои нақшаи стратегии рушди футбол дар Тоҷикистон «Орзу-2026» Анваршо Мирзоев шунида шуд. Мирзоев дар баромади худ аз баромади дастаҳои ҷавонону наврасони Тоҷикистон дар солҳои охир, мушкилоти асосии дастаҳо, инчунин кор дар футболи наврасони кишвар ибрози назар кард.
Ҳамзамон аъзои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон натиҷаҳои аудити фаъолияти молиявии ФФТ барои соли 2021-ро тасдиқ карданд.
Абдураҳим Бобоев, муовини сардори шуъбаи иншоотҳои варзишии ФФТ ба аъзои Кумитаи иҷроияи ФФТ оид ба рафти сохтмони маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дастаҳои мунтахаби кишвар дар ноҳияи Варзоб маълумот дод.
Дар анҷоми ҷаласа аъзои Кумитаи иҷроияи ФФТ мушкилоти мубрами футболро дар кишвар баррасӣ карданд.