Дар Душанбе дуюмин ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли ҷорӣ баргузор шуд. Дар он фаъолияти федератсия дар чор моҳи соли ҷорӣ баррасӣ гардида, комёбиҳои асосӣ дарҷ ва мушкилиҳо муайян карда шуданд.
Ноиби якуми президенти ФФТ Хуршед Мирзо ҷаласаи Кумитаи иҷроияро ифтитоҳ намуда, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро (U-17) бо баромадан ба қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2025 табрик гуфт ва ба даста дар бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон комёбиҳо таманно намуд.
Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода ба аъзои Кумитаи иҷроияи ФФТ оид ба рафти иҷрои Протоколи мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шахри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо масъулони соҳаи футболи мамлакат аз 3-юми феврали соли 2025, ҳисобот дод.
Зимни маърӯза натиҷаи бадастомада, чорабиниҳои гузаронидашуда ва тадбирҳои минбаъда оид ба татбиқи вазифаҳои ба миён гузошта зикр гардиданд.
Дониёрзода зимни суханронии худ қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ташкили гурӯҳи корӣ бо роҳбарони як қатор шаҳру ноҳияҳо оид ба масъалаҳои иҷрои саривақтии фармону супоришҳо, татбиқи барномаҳои давлатии рушди футбол ва стратегияи футбол дар Тоҷикистон вохӯриҳо баргузор намуд.
Илова бар ин, Сайвалӣ Дониёрзода қайд кард, ки тибқи вазифаҳои ба миён гузошташуда дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон корҳои густурда дар самти беҳбуди инфрасохтори футбол идома ёфта, варзишгоҳҳо бозсозӣ, утоқҳои либоспӯшӣ, нишастгоҳҳо ва системаҳои рӯшноидиҳӣ нав карда мешаванд.
Сипас гузориши сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон шунида шуданд.
Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе бобати ду вохӯрии даста дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи март ба Кумитаи иҷроияи ФФТ ҳисобот дода, дар бораи нақшаҳо пеш аз бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили тими миллии Филиппин, ки рӯзи 10-уми июн баргузор мешавад, сухан кард.
Сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Марко Раҷини дар суханронии худ ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дастгирӣ изҳори сипос кард. Ба гуфтаи Раҷини, далели аслии муваффақияти тими наврасон дар Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ тамрини ҳадафмандона мебошад, ки наврасон тӯли чаҳор моҳ беш аз 20 бозӣ анҷом доданд.
Сармураббии мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон низ нақшаҳои худро дар пешорӯи Ҷоми ҷаҳон-2025, ки моҳи ноябр дар Қатар баргузор мешавад, баён кард.
Пайрав Воҳидов, сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ изҳор дошт, ки феълан ҳайати даста дар марҳилаи навсозӣ қарор дорад. Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 ба яккачини кишвар як қатор бозигарони нав ҷалб карда шуданд.
Дар ҳамин замина, Кумитаи иҷроияи ФФТ қарори муҳиме баровард: бозигароне, ки дар оянда аз бозӣ дар тими миллии футзали Тоҷикистон даст мекашанд, аз ширкат дар мусобиқоти расмии дохили кишвар маҳрум хоҳанд шуд. Ин тасмим ба таҳкими интизом ва баланд бардоштани масъулияти бозигарон нигаронида шудааст.
Сардори Раёсати дастаҳои мунтахаби Федератсияи футболи Тоҷикистон Меҳроҷиддин Холов оид ба натиҷаи фаъолияти дастаҳои мунтахаби кишвар, ҷавонон ва занона дар чор моҳи соли 2025 ҳисобот дода, қайд кард, ки дастаҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва бозиҳои дӯстона фаъолона ширкат варзида, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии байналмиллалӣ чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар фарҷоми ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ президенти бошгоҳи футболи «Истиқлол» Шоҳрух Саидзода қайд кард, ки имсол дар заминаи бошгоҳ тими занона таъсис дода мешавад ва он дар Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон ширкат меварзад, ки ин дар рушди футболи занона дар кишвар як қадами муҳим хоҳад буд.
Зайнулло Шарифзода, раиси бошгоҳи футболи «Вахш» дар навбати худ гуфт, тасмим дорад, барои бунёди майдони футболи дорои чамани сунъӣ дар шаҳри Бохтар сармоягузоронро ҷалб кунад. Иншооти нав барои тамрини ҳайати асосӣ истифода мешавад ва инчунин ба макони таълимии дастаҳои кӯдакона ва занона табдил ёфта, дар рушди футболи оммавӣ дар минтақа саҳм мегузорад.