Дафтари матбуоти ФФТ аккредитатсияи рӯзноманигоронро ба бозиҳои Ҷоми КФО-2022 оғоз кард.
Барои аз аккредидатсия гузаштан аз рӯзноманигорон хоҳиш карда мешавад, ки маълумотнома ва сурати 3х4-и худро ба почтаи электонии s_faridun@mail.ru ирсол намоянд ва нишон диҳанд, ки намояндагии кадом ВАО-ро ба ӯҳда доранд (рӯзнома, портали интенетӣ, ТВ, радио ва ғайра). Дар дархост овардани ном, номи падар (фамилия) ва рақами телефон ҳатмӣ аст.
Ҳамчунин таваҷҷуҳ бояд, кард, ки се намуди аккредитатсия барои рӯзноманигорон муайян шудааст: барои онҳое, ки менависанд, сурат мегиранд ва навор мебардорнад. Аз ҳамин рӯ ҳатман соҳаи худро мушаххас нависед.
Дархостҳо то соати 16:00-и рӯзи душанбе, 20 июн қабул карда мешаванд. Он дархостҳое, ки баъди ин рӯз ворид мегарданд, ба назар гирифта нахоҳанд шуд.
Бейҷҳои аккредитатсионӣ 23-уми июн пеш аз конфронси матбуотии дастаҳо ба рӯзноианигорон супорида мешаванд.
Телефон барои маълумот: (+992) 918667387 (Фаридун Солиев).