Аслиддин Ҳабибуллоев мунтахаби олимпии Тоҷикистонро (U-23) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 омода мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Аслиддин Ҳабибуллоев мунтахаби олимпии Тоҷикистонро (U-23) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 омода мекунад

Бо сабаби вазъи саломатии сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) Мубин Эргашев, ки ҳоло дар Эрон дар табобат қарор дорад, сармураббии дастаи «Хатлон»-и Бохтар Аслиддин Ҳабибуллоев дастаро ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 омода мекунад. Қаблан Ҳабибуллоев ба ҳайси мураббии дарвозабонҳо дар тими миллии кишвар фаъолият мекард.

Ба ситоди иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон Аслиддин Ҳабибуллоев, Раҳматулло Фузайлов ва Юсуф Рабиев, мураббии дарвозабонҳо Меҳвар Сулаймонов ва мураббии таҳлилгар Фаррух Марофиев шомил шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июн дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, тими Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо дастаҳои Арабистони Саудӣ (3 июн), Амороти Муттаҳидаи Араб (6 июн) ва Ҷопон (9 июн) хоҳанд буд.

Назари худро бинависед