«Соро компания» – ғолиби марҳилаи аввали Formula55 – лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 – Федерация Футбола Таджикистана

«Соро компания» – ғолиби марҳилаи аввали Formula55 – лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021

Дастаи футзали «Соро компания»-и Душанбе ғолиби марҳилаи аввали Formula55 – Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 шуд.

Дар даври даҳуми мусобиқа футзалбозони пойтахт бо ҳисоби бузурги 9 бар 3 «Помир»-и Хоруғро шикаст доданд.

Қаҳрамони феълии футзали мамлакат “Сипар”-и Хуҷанд бошад дар ин давр бо ҳисоби 3 бар 1 «Пойтахт»-ро мағлуб кард.

Дар бозии дигар “Истиқлол”-и Душанбе “Самандар”-и Турсунзодаро бо ҳисоби калони 12:2 ба шикаст расонд.

Баъди даҳ даври бозиҳо дастаҳои футзали “Соро компания”-и Душанбе ва “Сипар”-и Хуҷанд 25 имтиёзӣ ба даст оварданд. Вобаста ба ғалабаҳо дар бозиҳои байниҳамдигарӣ “Соро компания” дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми аввал ҷойгир аст.

Ба ин тартиб, “Соро компания” ва “Сипар” ба бозиҳои ниманиҳоии  қаҳрамонии футзали кишвар роҳ ёфтанд. Дар бозиҳои 1/4 ниҳоии мусобиқа «Истиқлол» – «Самандар» ва «Помир» – «Пойтахт» вомехӯранд.

Бар асоси низомнома, чорякфиналҳо аз силсилаи то ду ғалабаи яке аз дастаҳо баргузор мешаванд. Сипас бозиҳои нимфиналӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки он аз формати ду бурд иборат хоҳад буд. Ғолибони нимфинал дар финал бозӣ мекунанд ва дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд.

 

Formula55 – Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021

Даври 10-ум

«Помир» – «Соро компания» – 3:9

Голҳо: Бахтиёр Солиев, 3 (0:1). Бахтиёр Солиев, 4 (0:2). Идрис Ёров, 12 (0:3). Алӣ Микоилӣ, 19 (0:4). Руҳулло Исарӣ, 20 (0:5). Идрис Ёров, 27 (0:6). Умед Насиллоев, 24 (1:6). Хайём Дарвешов, 27 (2:6). Руҳулло Исарӣ, 31 (2:7). Муҳаммад Шарипов, 32 (2:8). Мустафои Маҳдӣ, 37 (2:9). Хушбахт Исоев, 39 (3:9).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Комрон Алиев («Соро компания»).

11 сентябр. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ. 50 тамошобин.

 

«Сипар» – «Пойтахт» – 3:1

Голҳо: Аквете Колман, 20 (0:1). Иван Бахур, 24 (1:1). Дилшод Саломов, 28 (2:1). Дилшод Саломов, 36 (3:1).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Дилшод Саломов («Сипар»).

11 сентябр. Хуҷанд. Маҷмааи варзишии «Қасри Варзиш». 100 зрителей.

 

«Самандар» – «Истиқлол» – 2:12

Голҳо: Абдукаюм Умаров, 15 (0:1). Муҳаммад Ризомов, 16 (0:2). Самандар Ризомов, 17 (0:3). Некрӯз Идиев, 17 (0:4). Самандар Ризомов, 18 (0:5). Меҳроб Раҳимов, 19 (0:6). Мирсаид Камолов, 21 (0:7). Нусратшо Исмоилов, 22 (0:8). Акбар Хаитов, 26 (1:8). Насратшо Исмоилов, 27 (1:9). Самандар Ризомов, 28 (1:10). Ориф Меликов, 30 (2:10). Меҳроб Раҳимов, 38 (2:11). Муҳаммад Ризомов, 39 (2:12).

Аз майдон хориҷ шудКомрон Шодиев (менеҷери «Истиқлол»), 31 – барои таҳқири сардовари бозӣ.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Самандар Ризомов («Истиқлол»).

11 сентябр. Турсунзода. Маҷмааи варзишии «Самандар». 50 тамошобин.

 

Ҷадвали мусобиқа баъди ду қисм

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Соро компания» (Душанбе) 10 8 1 1 54-23 25
2 «Сипар» (Хуҷанд)                      10 8 1 1 74-14 25
3 «Истиқлол» (Душанбе) 10 5 1 4 29-28 16
4 «Помир» (Хоруғ) 10 4 1 5 23-42 13
5 «Пойтахт» (Душанбе) 10 2 0 8 23-43 6
6 «Самандар» (Турсунзода) 10 1 0 9 29-82 3

 

Нишонзанҳо: Парвиз Раҳматов («Сипар») – 13 гол, Руҳулло Исарӣ («Соро компания») – 11 гол, Ориф Меликов («Самандар») – 10 гол, Баҳодур Хоҷаев («Сипар») – 8 гол, Самандар Ризомов («Истиқлол») – 7 гол.

Назари худро бинависед