Имрӯз дар шаҳри Бохтар ҷаласаи васеи бошгоҳи футболи «Вахш» баргузор шуд, ки дар он роҳбарияти нави қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон муаррифӣ шуд.
Зайнулло Шарифзода президенти нави «Вахш» гардид. Мутахассиси маъруф Муҳсин Муҳаммадиев ба ҷойи Исроил Шарифов, ки давоми 30 сол дар бошгоҳи мазкур кор намуд, директори дастаи «Вахш» таъйин шуд. Ба Исроил Шарифов аз номи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар барои корҳои анҷомдода Сипоснома тақдим гардид.
Роҳбарияти нави «Вахш» дар назди даста вазифа гузошт, ки ба лигаи олии чемпионати Тоҷикистон баргардад ва анъанаҳои бошгоҳ – барои ҷоизаҳо мубориза бурдан ва бозигаронро барои яккачини Тоҷикистон омода карданро идома диҳад.