Мусобиқа байни дастаҳои футболи духтарони то 17 соли Тоҷикистон шурӯъ мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Мусобиқа байни дастаҳои футболи духтарони то 17 соли Тоҷикистон шурӯъ мешавад

Рӯзи шанбеи 5 сентябр мусобиқа байни духтарони то 17 соли Тоҷикистон шурӯъ мешавад, ки дар он шаш даста  – Мактаби махсуси футболи вилояти Суғд, “Навбаҳор” (Мастчоҳ), “Зарнисор” (Вахш), “Хатлон” (Бохтар), “Ҳосилот” (Фархор) ва “Равшан” (Кӯлоб) ширкат хоҳад намуд.

Мусобиқа аз рӯи ситемаи даврӣ сурат гирифта, ҳар даста 10 бозӣ мегузаронад ва он 7 ноябр анҷом мешавад.

Дар даври ифтитоҳии мусобиқа дастаҳо ба таври зайл вомехӯранд: «Хатлон» – «Мастчоҳ», «Равшан» – «Зарнисор» ва ММФЧА – «Ҳосилот».

Ёдрас мешавем, ки тамоми харҷҳои баргузории мусобиқа аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон пардохт мешаванд. Дастаҳои иштирокчӣ бо сарулибоси варзишӣ ва тӯбҳои футболбозӣ таъмин шуданд.

 

Мусобиқа байни дастаҳои футболи духтарони то 17 сола

Даври 1-ум

5 сентябр (шанбе)

«Хатлон» – «Мастчоҳ»

«Равшан» – «Зарнисор»

ММФЧА – «Ҳосилот»

Назари худро бинависед