Мунтахаби Тоҷикистон марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027-ро бо пирӯзӣ оғоз кард.
Дар даври аввал тими мо дар майдони худ бар мунтахаби Тимори Шарқӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи дастаи Тоҷикистонро Ваҳдат Ҳанонов зад.
Дар даври баъдӣ мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ бо тими миллии Филиппин бозӣ мекунад. Ин дидор рӯзи 10 июн баргузор мешавад.