Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) барои анҷоми ду бозии дӯстона бо ҳамсолони худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба Дубай сафар намуд.
Ба ин ҷамъомад 24 бозигар даъват шудааст. Чаҳор бозигар – Содиқҷон Қурбонов, Амадонӣ Камолов, Азизбек Ҳайитов ва Далер Шарифов, ки метавонанд дар ҳайати мунтахаби олимпии кишвар дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 (U-23) иштирок кунанд, дар ихтиёри тими миллии Тоҷикистон мебошанд.
Рақобати санҷишии якуми дастаҳои олимпии Амороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон 15 ноябр баргузор мешавад. Баъди се рӯз, 18-уми ноябр дастаҳо дар Дубай бозии дӯстонаи дуюмро доир мекунанд.