Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҷамъомади тамринӣ-таълимӣ мегузаронад.
Барои ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки аз 20 то 28 май баргузор мешавад, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар даъват кардааст.
Пеш аз марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар бораи рақибони бозиҳои рафиқона баъдтар хабар медиҳем.
Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июн дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, тими Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо мунтахабҳои Арабистони Саудӣ (3 июн), Амороти Муттаҳидаи Араб (6 июн) ва Ҷопон (9 июн) хоҳанд буд.
Ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Гулистон:
Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Аҳлиддин Ҳабибуллоев («Файзканд»);
Ҳимоятгарон: Наимҷон Иброҳимзода, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Муҳаммадҷон Насков, Фирдавс Алиназаров (ҳарду аз «Хатлон»), Ҷонибек Шарипов (КМВА), Эмомалӣ Аҳмадхон, Шоҳрух Сангов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»);
Нимҳимоятгарон: Амадонӣ Камолов («Райо Маҳадаонда», Испания), Шарифбек Раҳматов («Турон», Ӯзбекистон), Ислом Зоиров («Истиқлол»), Кароматулло Саидов, Далер Ёдгоров, Сорбон Авғонов (ҳама аз «Хуҷанд»), Абдулмуъмин Забиров («Эсхата»), Умарҷон Шарифов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА);
Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Истиқлол»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Хуҷанд»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»).
И.в. сармураббӣ – Аслиддин Ҳабибуллоев.