Мунтахаби футзали Тоҷикистон тамринҳои расмиро пеш аз бозӣ бо дастаи Марокаш доир кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон тамринҳои расмиро пеш аз бозӣ бо дастаи Марокаш доир кард

Имрӯз, 13-уми сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар остонаи бозии даври аввали Ҷоми ҷаҳон-2024 бо тими миллии Марокаш дар маҷмааи варзишии «Ҳумо Арена» тамринҳои худро анҷом дод.

Тамринҳои расмии дастаи мо 1 соату 15 дақиқа давом кард. 15 дақиқаи аввал барои намояндагони ВАО кушода буд.

Қобили зикр аст, ки дар оғози Ҷоми ҷаҳон-2024 мунтахаби Тоҷикистон бо қаҳрамони Африқо – тими миллии Марокаш бозӣ мекунад. Ин дидор рӯзи 16 сентябр дар маҷмааи варзишии «Ҳумо Арена»-и Тошканд баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мешавад.

Назари худро бинависед