Марҳилаи аввали лигаи касбии футзали Тоҷикистон анҷом шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Марҳилаи аввали лигаи касбии футзали Тоҷикистон анҷом шуд

Марҳилаи аввали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон анҷом ёфт. Дар бозии ҷамъбастии ин марҳила “Сипар”-и Хуҷанд бо ҳисоби ҳангуфти 19 бар 3 “Равшан”-и Кӯлобро шикаст дод.

Дастаҳои футзали «Сипар» -и Хуҷанд ва «Соро Компания» -и пойтахт, ки дар ҷадвали ҷамъбастии марҳилаи якуми лигаи касбии футзали Тоҷикистон  ду ҷои аввалро ишғол карданд, ба бозиҳои нимфиналӣ баромаданд ва дар ин марҳилаи мусобиқа рақибони худро интизоранд. Ҷуфтҳои чорякфиналӣ «Мухоҷир» – «Самандар» ва «Истаравшан» – «Равшан» мебошанд. Бозиҳои чорякниҳоӣ аз силсилаи то ду ғалаба иборатанд. Ғолибони чаҳорякфинал ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд ва дар он ҷо бо “Сипар” ва “Соро Компания”, ки ду бозии аввалини хонагии худро баргузор мекунанд, вомехӯранд. Бозиҳои ниманиҳоӣ низ аз формати то ду пирӯзӣ иборат мебошанд. Ғолибони бозиҳои 1/2 ниҳоӣ дар финал бозӣ мекунанд ва дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Тибқи низомномаи чемпионат, финал ва бозиҳо барои медалҳои “биринҷӣ” низ аз рӯи формати то се бурд иборатанд.

 

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон. Бозии даври 10-ум

«Сипар» – «Равшан» – 19:3

ГолҳоСобирҷон Гуляков, 1 (1:0). Дилшод Саломов, 1 (2:0). Алишер Сафаров, 4 (3:0). Иброҳим Мирзоев, 8 – ба дарвозаи дастаи худ (4:0). Иқбол Воситзода, 9 (5:0). Алишер Сафаров, 10 (6:0). Илёяс Чотбаев, 11 (7:0). Давид Асланян, 11 (8:0). Собирҷон Гуляков, 12 (9:0). Валиҷон Валиев, 14 (10:0). Адам Кабилов, 21 (10:1). Иброҳим Мирзоев, 22 (10:2). Собирҷон Гуляков, 24 (11:2). Давид Асланян, 27 (12:2). Собирҷон Гуляков, 28 (13:2). Парвиз Раҳматов, 32 (14:2). Парвиз Раҳматов, 33 (15:2). Собирҷон Гуляков, 36 (16:2). Собирҷон Гуляков, 36 (17:2). Давид Асланян, 37 (18:2). Парвиз Раҳматов, 38 (19:2). Адам Кабилов, 39 (19:3).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Парвиз Раҳматов («Сипар»).

8 август. Хуҷанд. Маҷмааи варзишии «Қасри Варзиш».

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Сипар» (Хуҷанд) 10 9 1 0 87-25 28
2 «Соро компания» (Душанбе) 10 8 1 1 82-17 25
3 «Муҳоҷир» (Душанбе) 10 5 0 5 57-51 15
4 «Истаравшан» (Истаравшан) 10 4 0 6 66-72 12
5 «Равшан» (Кӯлоб) 10 2 0 8 45-98 6
6 «Самандар» (Турсунзода) 10 1 0 9 37-111 3

 

Нишонзанҳо: Шаҳбоз Бобоҷонов («Истаравшан») – 21 гол, Самандар Ризомов («Муҳоҷир») – 20 гол, Собирҷон Гуляков («Сипар») – 19 гол, Иқбол Воситзода («Сипар») – 15 гол, Фаридун Расулов («Истаравшан») – 13 гол, Некрӯз Алимаҳмадов, Муҳаммад Раҷабов (ҳарду аз «Соро компания») – 11 голӣ.

 

Дар бозиҳои 1/4 финалӣ вомехӯранд:

«Муҳоҷир» – «Самандар»

«Истаравшан» – «Равшан»

Назари худро бинависед