Мактаббачагони ноҳияи Деваштич ғолиби мусобиқаи «Тӯби чармин» байни наврасон (U-17) гардиданд – Федерация Футбола Таджикистана

Мактаббачагони ноҳияи Деваштич ғолиби мусобиқаи «Тӯби чармин» байни наврасон (U-17) гардиданд

Дар шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявии «Тӯби чармин» байни наврасони то 17-сола ба анҷом расид. Ин мусобиқаро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон ташкил кард.

Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа ҳашт даста ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Бар асоси натоиҷи бозиҳо ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба марҳилаи плей-офф роҳ ёфт.

Дар рақобат барои ҷойи сеюм дастаи гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд аз хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-и ноҳияи Носири Хусрав бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд. Дар финали мусобиқа дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Деваштич ва рақами 3-и ноҳияи Шаҳринав бо ҳам вохӯрданд. Бозӣ бо ҳисоби 3:1 ба суди мактаббачагони ноҳияи Деваштич анҷом ёфт.

Дар фарҷоми мусобиқа ба ғолибону ҷоизадорон медалу ҷом ва дипломҳо супорида шуданд. Фазлиддин Мақсудов (гимназияи №4, шаҳри Хуҷанд), Раҳматулло Тешаев (МТМУ №9, Носири Хусрав), Шавкат Халилов (МТМУ №4, Деваштич) ва Сиёвуш Сафаров (МТМУ №3, Шаҳринав) беҳтарин бозигар дар ҳайати дастаҳои худ эътироф гардиданд. Муртазо Исоев (МТМУ №3, Шаҳринав) беҳтарин бозигари мусобиқа ва Элбекҷон Пардабоев (МТМУ №4, Деваштич) беҳтарин нишонзан эълон гардиданд.

Назари худро бинависед