Дар Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳраки Алмосии шаҳри Ҳисор лагери футболӣ барои кӯдакон шурӯъ шуд.
Истироҳатгоҳи кӯдаконаи футболбозии Алмосӣ интихоби олиест барои гузаронидани таътили тобистона дар як гӯшаи зебои табиат ва гирифтани нерӯи иловагӣ пеш аз шурӯъи соли нави таҳсил. Истироҳатгоҳи кӯдаконаи футболбозии Алмосӣ дорои сифатҳои баланди хизматрасонӣ, ғамхорӣ ва муносибати инфиродӣ ба ҳар як иштирокчӣ, омезиши хуби амалияи варзишӣ бо чорабиниҳои таълимиву истироҳатӣ мебошад. Илова ба истироҳат, кӯдакон метавонанд дар майдони футбол тамрин кунанд.
Дар истироҳатгоҳ тамоми чораҳои санитарии нигаҳдошти саломатии кӯдакон риоя карда мешаванд.