Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки дар мавсими нав теъдоди иштирокчиёни лигаи олии қаҳрамонии Тоҷикистонро афзоиш диҳад.
Тибқи протоколи мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ бо аҳли ҷомеаи футболии кишвар, ки дар он масъалаи афзоиши дастаҳо дар ҳамаи лигаҳои кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, Кумитаи иҷроияи ФФТ тасмим гирифт, ки шумораи иштирокчиёни лигаи олиро аз 10 ба 12 даста расонад. Шумораи иштирокчиёни лигаи якуми Тоҷикистон низ зиёд карда мешавад.
Бар асоси натоиҷи раванди литсензиякунонии бошгоҳҳо маълум шуд, ки дастаи «Файзканд»-и Восеъ ба далели мушкилоти молӣ ва инфрасохторӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ширкат карда наметавонад. Дастаи ноҳияи Восеъро дар лигаи олии кишвар барандаи медали биринҷии лигаи якуми мавсими гузашта «Барқчӣ»-и Ҳисор, ки аз расмиёти литсензиякунонӣ бомуваффақият гузаштааст, иваз мекунад.
Илова бар ин, бинобар ба 12 адад расидани шумори дастаҳо дар чемпионати Тоҷикистон-2024 дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Вахш»-и Бохтар баромадро дар лигаи олӣ идома хоҳанд дод, зеро ин бошгоҳҳо ба талаботи чемпионати Тоҷикистон ҷавобгӯ буда, бомуваффақият аз иҷозатномадиҳӣ гузаштаанд. Дастаҳои «Хулбук» ва «Моҳир», ки дар мавсими гузаштаи лигаи якум ҷойҳои чорум ва панҷумро гирифтанд, бинобар риоя накардани талаботи муқарраршудаи низомномаи иҷозатномадиҳӣ ба бошгоҳҳои лигаи олии Тоҷикистон ба лигаи олӣ роҳ дода нашуданд.
Тибқи қарори Кумитаи иҷроияи ФФТ мавсими нави мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар ду давра баргузор мешавад, ки ҳар як даста дар майдони худ ва дар меҳмонӣ бо ҳам бозӣ мекунанд. Умуман, дар мавсим ҳар як тим 22 вохӯригӣ мегузаронад. Дастае, ки дар мавсими соли 2024-и лигаи олӣ мақоми охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум меравад ва бошгоҳе, ки дар чемпионат ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи якуми Тоҷикистон-2024 бозиҳои гузаришӣ доир мекунад.
Бо қарори Кумитаи иҷроияи ФФТ 33-юмин чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ 6 апрел оғоз мешавад.