«Истиқлол» баромадашро дар Лигаи чемпионҳои КФО-2022 рӯзи 7-уми апрел оғоз мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» баромадашро дар Лигаи чемпионҳои КФО-2022 рӯзи 7-уми апрел оғоз мекунад

Конфедератсияи футболи Осиё санаи баргузории бозиҳои Лигаи чемпионҳои КФО-2022-ро бозбинӣ намуд. Чемпиони Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе бозии нахустини худро дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи асосии даставии Осиё 7-уми апрел баргузор менамояд. Рақибони “Истиқлол”-и Душанбе дар гурӯҳ 17-уми январ, замоне, ки қуръакашии мусобиқа баргузор мегардад, муайян хоҳад шуд.

Конфедератсияи футболи Осиё муҳлати баргузории бозиҳои Лигаи чемпионҳои Осиёро пас аз баррасии бодиққати мушкилоти пайдошуда, ки дар натиҷаи “омикрон”, навъи ҷаҳишёфтаи коронавирус, ба вуҷуд омадааст, инчунин ҳолатҳои нодири марбут ба ҷадвали бозиҳои пеш ва баъд аз Ҷоми ҷаҳонии 2022 дар Қатар таҷдиди назар кард.

Тибқи иттилои вебсайти расмии Конфедератсияи мазкур, расмиёти сафар дар саросари Осиё бинобар маҳдудиятҳои нави сафар ва протоколҳои аз ҷониби якчанд кишварҳо барои пешгирии паҳншавии “омикрон” ҷоришуда мураккабтар шудааст.

Интизор меравад, дастаҳои осиёӣ, ки эҳтимолан ба Ҷоми ҷаҳонии 2022 роҳхат мегиранд, нақшаҳои густурдаи омодагиро ба ин мусобиқа таҳия кунанд ва зарурати рафъи чунин номуайяниҳо ва хатарҳои ғайричашмдошт ба миён омад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, Кумитаи мусобиқоти КФО тағйироти санаҳои баргузории мусобиқаи асосии бошгоҳҳои Осиёро тасдиқ кард.

Дар ҷадвали навшуда бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО дар минтақаи Ғарб аз 7-ум то 27-уми апрел дар шакли мутамарказ баргузор мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки чемпиони Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе бозии нахустини худро дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи асосии даставии Осиё рӯзи 7-уми апрел баргузор мекунад.

Дар сурати ба даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 роҳ ёфтан, “Истиқлол”-и Душанбе рӯзҳои 3-юм ё 4-уми феврали соли 2023 бозӣ хоҳад кард. Бозиҳои чорякфиналии Лигаи чемпионҳои КФО дар минтақаи Ғарб 7-уми феврали соли оянда ва ниманиҳоӣ 10-уми феврали соли 2023 баргузор мешаванд.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар минтақаи Шарқ низ аз 15-уми апрел то 1-уми майи соли равон дар шакли мутамарказ баргузор мешавад. Бозиҳои даври 1/8-ниҳоӣ дар минтақаи Шарқ 18-19-уми августи соли 2022, бозиҳои чаҳорякниҳоӣ 22-юми август ва бозиҳои ниманиҳоӣ 25-уми августи соли ҷорӣ барпо мегарданд.

Бозии ниҳоии Лигаи чемпионҳои КФО аз ду бозӣ иборат буда, рӯзҳои 19-ум ва 26-уми феврали соли 2023 баргузор мешавад. Бозии аввалро дар минтақаи Ғарб дастаи финалист ва бозии ҷавобиро дар Шарқ дастаи дигари финалист мегузаронанд.

Рӯзҳои наздик КФО пешниҳоди дархостҳо барои баргузории бозиҳои гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияро дар шакли мутамарказонидашуда эълон мекунад.

Бояд гуфт, ки ҳамаи қарорҳои комиссияҳои доимии КФО бояд аз ҷониби Кумитаи иҷроия тасдиқ карда шаванд ва пас аз он эътибор пайдо мекунанд.

 

Санаҳои нави баргузории Лигаи чемпионҳои КФО-2022/2023

Минтақаи Ғарб

Марҳилаи гурӯҳӣ – 7-27-уми апрели соли 2022 (мусобиқаи дудавраӣ, шакли мутамарказ).

1/8 финал – 3-4-уми феврали соли 2023 (як бозии ҳалкунанда, шакли мутамарказ).

Чорякфинал – 7-уми феврали соли 2023 (як бозии ҳалкунанда, шакли мутамарказ).

Нимфинал – 10-уми феврали соли 2023 (як бозии ҳалкунанда, шакли мутамарказ).

 

Минтақаи Шарқ

Марҳилаи гурӯҳӣ – 15-уми апрел – 1-уми майи соли 2022 (мусобиқаи дудавраӣ, шакли мутамарказ).

1/8 финал – 18-19-уми августи соли 2022 (як бозии ҳалкунанда, шакли мутамарказ).

Чорякфинал – 22-юми августи соли 2022 (як бозии ҳалкунанда, шакли мутамарказ).

Нимфинал – 25-уми августи соли 2022 (як бозии ҳалкунанда, шакли мутамарказ).

Назари худро бинависед