Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе аз бозии дӯстона бо тими миллии Афғонистон (3:1) натиҷагирӣ карда, ба мухлисон барои дастгирии тими миллӣ давоми сол изҳори сипос намуд.
Гела ШЕКИЛАДЗЕ, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон:
– Мехоҳам ба мухлисоне, ки ба варзишгоҳ омада, моро дастгирӣ карданд, ба даста бовар намуда, аз дақиқаҳои аввал то охир бо мо буданд, ташаккур гӯям. Сарфи назар аз он ки рақобат дӯстона буд, дар варзишгоҳ мухлисони зиёд ҷамъ омаданд, ки боиси хушҳолист. Ҳарчанд беш аз як қисм мо даҳнафара бозӣ кардем, вале дастгирии мухлисонро ҳисоб карда, метавон гуфт, ки мо 11 бар 11 рақобат намудем. Дар бозӣ бо Афғонистон, махсусан дар нимаи дуюм, даҳ шерро дар майдон дидам, ки то охир мубориза бурданд. Мехоҳам бигӯям, ки бачаҳои ман мардонавор майдондорӣ карданд, онҳо нишон доданд, ки ҳатто дар ақаллият ҳам ҳарифро мағлуб кардан мумкин аст. Бинобар ин дар ин гуна вохӯриҳои душвор ғалаба хурсандии бештар меорад. Ташаккур ба тими миллии Афғонистон, ки барои бозӣ бо мо розӣ шуд. Рақобатҳои санҷишӣ барои бозиҳои расмии мо кӯмак мекунанд.
Ин бозии охирин дар соли ҷорӣ буд. Мехоҳам ба ҳамаи бозигарон, ба кулли мураббиён ва ҳайати маъмурӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон, мухлисону бошгоҳҳое, ки бо мо буданд ва ба мо кӯмак карданд, ташаккур гӯям. Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 моҳи март оғоз мешавад. Бозиҳо осон намешаванд. Вазифаи мо аз он иборат аст, ки ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёбем. Боварӣ дорам, ки мо барои расидан ба мақсади худ тамоми қувваро харҷ мекунем.