Пешсафи хидмати таксиҳо дар Тоҷикистон – Ширкати «Рахш Такси” шарики нави Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд. Маросими имзогузории ризоиятномаи ҳамкорӣ, рӯзи 19 март, дар дафтари кории ФФТ баргузор шуд.
Ҳуҷҷати ҳамкориро аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон – Комрон Ҳусейнов, сардори шӯъбаи маркетинг ва равобити ҷамъиятӣ, аз номи Ширкати “Рахш Такси” бошад сардори шӯъбаи фурӯш ва маркетинг – Шоира Пулатова, имзо кардаанд.
«Мо хушнудем, ки бо Ширкати “Рахш Такси” шартномаи ҳамкорӣ бастем. “Рахш Такси” пешсафи хидмати таксӣ дар Тоҷикистон аст. Аминам, ки мушорикати мо мутақобилан судманд хоҳад буд. Мо дар бораи пешбурди бренди муштарак розӣ шудем. Федератсияи футболи Тоҷикистон ба интиқолдиҳанда фазои таблиғӣ муҳайё менамояд ва Ширкати “Рахш Такси” мусофирони худро дар бораи ҳамаи бозиҳои хонагии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон хабардор намуда, инчунин футболи наврасони кишварро дастгирӣ мекунад”, – гуфт дар маросими басташавии ризоиятномаи ҳамкорӣ, роҳбари шӯъбаи маркетинг ва равобити ҷамъиятии Федератсияи футболи Тоҷикистон Комрон Ҳусейнов.
«Барои ширкати мо шарики Федератсияи футболи Тоҷикистон шудан шарафи бузург аст. Мо қадр мекунем, ки ФФТ муносибати моро ба ҳамкорӣ пазируфт. Ҳадафи асосӣ аз ҳамкории мо рушду инкишофи футболи кӯдакону наврасон, ташвиқу тарғиби футбол ва тарзи ҳаёти солим байни ҷомеа мебошад”, – қайд намуд сардори шӯъбаи фурӯш ва маркетинги Ширкати “Рахш Такси” Шоира Пулатова.
«Рахш Такси» – яке аз ширкатҳои пешсафи хизмати такси дар Тоҷикистон мебошад. Ширкат соли 2017 таъсис ёфтааст ва бренди он яке аз шинохтатаринҳо дар кишвар мебошад.