Нимҳимоятгари 21-солаи тими миллии Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе, собиқаи бозикунии худро дар бошгоҳи футболи “Навбаҳор” -и Намангон идома медиҳад.
Тибқи иттилои сомонаи расмии бошгоҳи футболи пойтахт ба суроғаи “Истиқлол” аз ҷониби клуби “Навбаҳор” барои ба даст овардани нимҳимоятгар Эҳсони Панҷшанбе пешниҳод ворид шуд. Роҳбарияти “Истиқлол” пешниҳоди бошгоҳи футболи узбекистонӣ ва хоҳиши худи футболбозро, ки мехост дар чемпионати нав худро санҷиш кӯшиш кунад, ба инобат гирифта, ба ин гузариш розӣ шуд. Пас аз пур кардани тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ, Эҳсони Панҷшанбе бо “Навбаҳор” шартнома баст, ки он то охири соли 2022 эътибор дорад.
Клуби нави Эҳсони Панҷшанбе баъди ҷамъбасти қисми якуми суперлигаи Узбекистон дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми ҳафтум қарор дорад. Футболбоз баъди бозии дӯстонаи тимҳои миллии Узбекистону Тоҷикистон, ки рӯзи 3-юми сентябр дар Тошканд баргузор мегардад, ба бошгоҳи наваш ҳамроҳ мешавад.
Эҳсони Панҷшанбе собиқаи бозикунии худро дар “Истиқлол”-и Душанбе дар нимаи дуввуми мавсими футболи соли 2016 оғоз кард ва дар ин муддат якҷоя бо тим чанд маротиба қаҳрамони Тоҷикистон, соҳиби Ҷоми миллӣ ва Суперҷоми ҷумҳурӣ шуд ва инчунин финалисти Ҷоми AFC-2017 гардид. Дар соли 2018, пас аз натиҷагирии мавсими футбол, Эҳсони Панҷшанбе беҳтарин футболбози Тоҷикистон дониста шуд.
“Истиқлол” ба Эҳсони Панҷшанбе барои ҳамкории якҷоя изҳори миннатдорӣ намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи бозикунияш муваффақиятҳои калонро орзу намуд.